Ифтитоҳи намоиши сайёр таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Бохтар
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18.07.2022 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, муовини Раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, и.в. сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Шарифзода Савсан, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто” Пиракова Гулистон, директорони мактабу боғчаҳо, осорхонаю китобхонаҳо инчунин намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, занон, САҲШ ва ВАО иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шакли сайёр дар шаҳри Бохтар – ин амалӣ намудани Дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.
Ҳамзамон фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар ҷиҳати ошно гардидан бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон, нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва ба ин васила тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Дар намоиш зиёда аз 60 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи беш аз 6 ҳазор солаи халқи куҳанбунёди тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.
Зимнан, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баъд аз бозгашт аз Ҷумҳурии Фаронса рӯзи 25.02.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид, ки он то рӯзи 25.08.2022 идома меёбад.
Шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» аз 18.07.2022 то 29.07.2022 идома менамояд.