Ифтитоҳи намоиши «Мероси хаттӣ – бозгӯи осори ниёгон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 23.08.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифӣ ва арҷгузорӣ ба мероси хаттии тоҷикон таҳти унвони «Мероси хаттӣ – бозгӯи осори ниёгон» намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи Гимеи шаҳри Парижи Фаронса ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуд, ки “Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар кишвари азизамон ҷамъоварии мероси хаттӣ ва оммавигардонии онҳо ба ҳукми анъана даромада, осори хаттии ниёгонамон дар ихтиёри оммаи васеи хонандагон қарор гирифтааст”.

Воқеан, мероси хаттии ҳар як миллат ҳамчун сарчашмаи муҳимми таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи он нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Аз ин рӯ, дар намоиши мазкур аз фонди Осорхонаи миллии Тољикистон зиёда аз 120 адад намунаҳои гуногуни китобҳои нодири дастнавис ва чопи сангӣ, ки фарогири мавзуъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳамзамон 20 адад васиқаҳои таърихӣ (санадҳо оид ба хариду фурӯши замин), 11 адад лавҳаҳои гуногуни ҳунари хушнависӣ, 4 адад сӯзаниҳои катибадор ва дигар мероси таърихию фарҳангӣ, ки инъикосгари таъриху фарҳанг, китобдориву китобсозӣ ва ҳунарҳои хаттотӣ, хушнависӣ ва саҳифабандиву муқовасозии ниёгони мо мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Мероси хаттии тоҷикон дар баробари муаррифгари бузурги таъриху фарҳанги миллати тоҷик, инчунин инъикосгари забон, хат ва ҳунарҳои волои китобдорӣ, хушнависӣ, коғазсозӣ, рангсозӣ, муқовасозии тоҷикон ва ниёгони тоҷикон мебошад, ки то имрӯз намунаҳои гуногуни мероси хаттӣ боқӣ мондааст.

Намоиши «Мероси хаттӣ – бозгӯи осори ниёгон» то рӯзи 20 сентябри соли 2021 идома ёфта, дӯстдорону ҳаводорони таъриху фарҳанг имкон доранд, то аз наздик бо намунаҳои гуногуни мероси хаттии тоҷикон шинос шаванд.