Ифтитоҳи намоиши “Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон”

15 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон” намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон, сафоратхонаҳои кишварҳои Белорусия, Россия, Қазоқистон, Покистон, Озорбойҷон, Фаронса, Ҳиндустон ва Ҷопон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки кундал яке аз усулҳои санъати наққошӣ буда, намунаҳояш дар як қатор ёдгориҳои кишвар ба назар мерасад. Ҳамзамон дар робита ба намунаи волои санъати анъанавӣ будани кундал пешниҳод ва шомил гардидани онро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият – ЮНЕСКО муҳим арзёбӣ намуд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 50 адад намунаҳои гуногуни кундал ба маърази дид бароварда шудааст, ки баёнгари возеҳи намунаи волои ин санъати анъанавии ниёгони тоҷикон мебошад.

Асарҳои офаридаи Раҳимов Қ. “Лавҳаи наққошӣ”, Ғаюров К. “Гулҳо”, “Тӯҳфаи дил”, “Идона” ва “Нафиса”, Абдураҳмонов Р. “Ситора”, Ҳаитов Т. “Рақси кабӯтар”, “Гулдаста” ва “Орзуи офтоб”, Бурҳонов А. “Хурсандии ғалаба”, Рақибов М. “Баҳор”, Муҳаммад К. “Афсонаи ҳайёт”, Бегимов Я. “Боғу бустон”, Абдураҳмонов Р. “Ғунча”, Абдураҳмонов И. “Тоҷикистони ман” ва Раҳимов А. “Фирӯза” аз зумраи онҳо мебошанд.

Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ номида мешавад, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷикон усули нави ороиш рӯи кор омад, қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт.

Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб менамояд.

Намоиши “Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон” то 25 январи соли 2022 идома ёфта, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва дӯстдорони таъриху фарҳанг, хосатан санъати миллати тоҷик метавонанд аз он дидан намоянд.