Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони …
Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент
Имрӯз 30.07.2024 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи «Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии шоистаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028 ва соли 2025 эълон гардидани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” намоиши сайёри осорхонавӣ таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳизода Зафаршо Сафо, муовини раиси шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Мизробзода Мақсудҷон иштирок намуда, доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон офарида шудаанд, ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасоррн, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» то санаи 14.08.2024 дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент идома меёбад.
Дар ин муддат кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо офаридаҳои рассомони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.