Ифтитоҳи намоиши «Ҳеҷ кас ва Ҳеҷ ҷиз фаромӯш нашудааст»

Ифтитоҳи намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» дар Осорхонаи миллӣ

      Имрӯз 03.05.2024 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 79 –солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-солагии пурра озод шудани Ленинград аз муҳосираи фашизм намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоњ гардид.

        Дар қисмати ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин, Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳамидиён ва котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунов Элмурод суханронӣ намуданд.

        Њамзамон, дар намоиш иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, сафирони  хориљї ва корпусњои дипломатии муќими Тољикистон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷуйёни донишгоҳҳои олии кишвар  ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

        Баромадкунандагон роҷеъ ба саҳми халқи тоҷик дар озод намудани шаҳри Ленинград аз муҳосираи фашизм ва иштироки тоҷикон дар ҶБВ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки воқеан, дар  солҳои мудҳиши Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ, шуруъ  аз  аввалин  моҳҳои   ҷанг то Ғалаба зиёда  аз  300 ҳазор нафар  фарзандони  ҶШС Тоҷикистон  ба  муҳорибаҳо сафарбар шуда, аз се  як ҳиссаи онҳо аз  майдонҳои  набард барнагаштаанд. Дар лаҳзаҳои  фоҷиабор халқи тоҷик дар кутоҳтарин фурсат ба кӯмаки Ленингради муҳосира гашта шитофта, ҳаматарафа дастгирию  кӯмак намудаанд.

        Дар намоиш аз фонди “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо,  лавозимотњои љангї, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони Тоҷикистон дар солҳои мутҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумла, доир ба саҳми халқи тоҷик дар  мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи фашизм (1941-1944) қисса мекунанд.

        Дар ҷараёни намоиш аз ҷониби кормандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе рақсу суруд ва қироати шеърҳо дар васфи шуҷоату мардонагӣ ва дустдории Ватан иҷро гардид.

    Намоиши  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ  чиз фаромўш нашудааст» то 18.05.2024 идома меёбад.