Ифтитоҳи намоиши “Дастархони сурх”

Рӯзи 5 майи соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намоиши асарҳои рассом Далер Миҳтоҷов бо номи “Дастархони сурх” ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 100 офаридаҳои тозаэҷоди муаллиф ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода З. С., Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷ. Ш., Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих Додхудоева Л. Н., устоди Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе Раҷабова Рухшона вобаста ба эҷодиёт ва сабку услубҳои кории Далер Миҳтоҷов суханронӣ намуданд. Ба қавли худи муаллиф “ … тӯли чанд соли фаъолият дар арсаи эҷод набардам миёни рангҳо пайваста меафзояд. Дилгармӣ ва дилкушоии қалбамро дар эҷод бо рангҳо оро медиҳам ва парешониву хушҳолӣ ё таскини рӯҳамро бо рангҳо фалсафасозӣ мекунам. Нигораҳоям бо рангҳои сурх таҷаллӣ меёбанду розҳоямро бо рангҳои гарм мекушоям”.

Намоиши “Дастархони сурх” дар Осорхонаи миллӣ то 25 майи соли 2023 идома меёбад.