Ифтитоҳи намоиши “Базми рангҳо” дар Осорхонаи миллӣ

Рӯзи 05.02.2022 дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони маъруфи тоҷик – Миҳтоҷов Далер, Олимов Эраҷ ва Исматов Баҳром бо номи “Базми рангҳо” ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, сафоратхонаҳои Корея, Ҳиндустон ва дигар дӯстдорони ҳунари рассомии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки санъати тасвирӣ ва амалии халқи тоҷик таъризи хеле қадима дошта, ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои умумибашарӣ мебошад, ки намоиши мазкур ҷиҳати шоиста муаррифӣ намудани он ташкил карда шуд.

Эҷодиёти ин мусаввирон дар рушди санъати тасвирии муосири тоҷик ҷойгоҳи махсус доранд ва имрӯз борҳо низ дар намоишгоҳҳои баланднуфӯзи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намудаанд. Дар намоиш зиёда аз 47 адад асарҳои беҳтарини муаллифон баҳри ҳаводорони фарҳанг ва санъати тоҷик ба маърази ташошо гузошта шудааст.

Ин эҷодкорон дар сабкҳои мухталифи санъати мусаввирии тоҷик бо истифода аз услуб ва равияҳои  гуногун асар офаридаанд. Мазмун ва сабки эҷодии асарҳои онҳоро муносибати хос ба таърихи гузашта, анъанаҳои миллӣ, ҳаёти деҳоти кишвар, рӯзгори мардуми оддӣ, хусусан занону духтарон ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар аксари офаридаҳои онҳо бо истифода бо услубҳои хеш фаровонии ҳама рангҳо ва бештар рангҳои гармро мушоҳида кардан мумкин аст.

Офаридаҳои Миҳтоҷов Далер дорои сабку услуби ба худ хос ва мавзуҳои рангин буда, дар онҳо бештар инъикоси давраҳо ва ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ дида мешаванд. Асарҳои хеле ҷолиби ӯ дар ин самт таҳти унвони “Шоҳроҳи таърих” таълиф шудаанд, ки баргирифта илҳом аз деворнигораҳои “Панҷакенти қадим” мебошанд.

Эҷодиёти Олимов Эраҷ низ анъанаҳои хоси миллиро инъикос мекунад. Ӯ каҳрамонҳоро воқеӣ – тахаюлӣ тасвир мекунад. Бо ин восита, ӯ моҳияти ботинии образҳоро нишон медиҳад.

Рассом базми рангҳоро дар мисоли базми мардумӣ – яъне хурсандӣ, шодиву нишот, фаровонии дастурхони мардум, ширкати хурду калон тасвир намудааст. Тасвири силсила асарҳои ӯ таҳти унвони “Ранг ва нур”, ки дар онҳо чеҳраҳои духтарони зебои тоҷик бо меваҳои тару тоза рамзи зебоии зиндагӣ ва пайванди наслҳо мебошанд.

Мусаввараҳои эҷоднамудаи Исматов Баҳром бошад бо сабки ба худ хос ва рамзҳои зоҳирии гуногунрангӣ ифода шудаанд. Рассом инсонҳоро дар печутоби пурмуаммои зиндагӣ, хусусан чеҳраи занонро хеле пурасрор тасвир намудааст, ки намунаҳои он асарҳои “Занон бо фаранҷӣ” ва “Ҳарам” мебошад.

Намоиши “Базми рангҳо” дар Осорхонаи миллӣ то 25.02.2022 идома намуда, тамошобинон имкон доранд аз он дидан намоянд.