Ифтитоҳи намоиши байналмилалии рассомони навраси …
Ифтитоҳи намоиши байналмилалии рассомони навраси Тоҷикистон ва Чин дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 27.06.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши байналмилалии санъати тасвирии наврасону ҷавонони Тоҷикистон ва Чин таҳти унвони “Ҷаҳони оянда” ифтитоҳ гардид. Дар намоиши мазкур беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистон ва кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Мардумии Чин пешкаши тамошобинон гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин ва намояндаи Дафтари иттилооти Шӯрои давлатии Чин Ли Юан суханронӣ намуда, ҷиҳати рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зери сиёсати фарҳангпарваронаи сарони ҳарду кишварҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин андешаронӣ намуда, қайд намуданд, ки наврасони боистеъдод қувваи пешбарандаи ҷамъият, ояндаи миллат, манбаи илҳом ва умед барои ҷомеа буда, истеъдод ва дастовардҳои онҳо метавонанд ба фарҳанг, илм, варзиш ва дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёт таъсири назаррас расонанд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони васоити ахбори омма аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Дар баргузории намоиш, интихоби мусаввараҳо, ороиши илмӣ-бадеии намоишгоҳ саҳми кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони МД “Осорхонаи миллӣ” ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бориз мебошад.