Ифтитоҳи намоиши “Аз дуриҳо ба нуриҳо” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистони

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 55-солагии эҷодиёти Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзода Шариф, рӯзи 02.09.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши “Аз дуриҳо ба нуриҳо” ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ифтитоҳ зикр гардид, ки осори устод Сабзаалӣ Муродзода саршор аз маънавият, рамзу намод ва илҳомот аст, ки дар онҳо шодиву ғам, рушноиву зулмат, фарозу шеби сарнавишт ва руҳи таъриху шахсиятҳои бузурги тоҷик нуҳуфта аст. Чунончи устод дар ду давраи мухталиф зиндагӣ карда, воқеаву ҳодисаҳои гуногуни ин давронро аз сар гузаронидаанд, мавзуоти мусаввараҳои худро огоҳона ва бо дили пур тасвир намуда, ҳамчун дарсе барои насли нав ба мерос гузоштаанд. Тамоми хусусиятҳои мазкур аз шахсияти офаранда ва ботиннигару дурандеши ин рассом гувоҳӣ медиҳанд, ки дар сабку жанрҳои гуногун ва тайи солҳои тулонӣ, рӯи пардаҳои мусаввирӣ нақш бастаанд.

Дар намоиш зиёда аз 50 асари рассом Сабзаалӣ Муродзода Шариф пешниҳоди тамошобинон гардидааст. Ин осор нодиру мунҳасир буда, ҳар яке аз онҳо дорои шукуҳу зебоии махсус ҳастанд. Бахусус асари сиёҳқалами “Аз дида ба дида, аз давра ба давра” ба назар чунин мерасад, ки тамоми азамату зарофати таърихи куҳану пуршукуҳи миллати тоҷикро дар худ ҷой додааст.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳудуди 50 адад осор аз устод ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешаванд, ки бахше аз онҳо дар толорҳои намоишии доимамалкунандаи шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхона ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар умум осори рассом саршор аз ҳаракат, ҳамоҳангӣ ва зиндагӣ буда, интихоби мавзӯъ, тарзи рангпардозӣ ва ҷойгирии унсурҳо дар ин осор, онҳоро мондагор намудаанд. Рассом Сабзаалӣ Муродзода дар ҷомеаи ҳунарии имрӯзаи тоҷик аз ҷойгоҳи волое бархурдор буда, барои қишри рассомону ҳунармандони он ҳамчун намуна ва қобили пайравӣ маҳсуб меёбанд.

Умед аст, ки бо баргузор намудани чунин намоишҳо, насли ҷавон ва навраси мо бо санъати рассомони пешгоми ҷомеаи имрӯза ошноии бештар пайдо менамоянд. Ҳамчунин ин осор натанҳо дар дохили кишвар балки дар намоишҳои бузурги бурунмарзӣ санъати куҳансиришти ниёгони моро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.

Намоиши “Аз дуриҳо ба нуриҳо”, ки фарогири асарҳои навэҷоди Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф мебошад, аз 02. 09. 2021 то 30. 09.2021 идома меёбад.

Дӯстдорон ва ҳаводорони ҳунари рассомӣ имкон доранд, то аз наздик аз асарҳои рассом дидан намоянд.

Маълумоти иловагӣ

Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф яке аз ҳунармандони асил ва рассоми чирадасту хушсалиқаи тоҷик буда, зиёда аз 45-соли умри худро сарфи ҳамин касб намуда истодааст. Намоиши мусаввараҳои рассом Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар шаҳрҳои Москва (солҳои 1979-1980), Кечкемети Маҷористон (соли 1981), Кипр (соли 1984) ва кишварҳои Афғонистон (соли 1986), Полша (соли 1990), Олмон (соли 1997) баргузор гардидаанд. Дар омода намудани намоиши дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи намоишгоҳи ЭКСПО-2005 (Япония), намоиши байналмилалии “Симои Замон” (Москва, соли 2016) фаъолона саҳмгузорӣ намудааст.

Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф муаллифи лоиҳаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои давлатии “Исмоили Сомонӣ”, “Спитамен”, “Дӯстии халқҳо”, медали ҷоизаи ба номи “Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ”, медали “Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Аз ҷониби Сабзаалӣ Муродзода Шариф ороиши чунин иншоотҳои бузурги давлатӣ ба анҷом расидааст: бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон” (соли 1975), Сирки давлатӣ (солҳои 1977-1978), Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (солҳои 1979-1980), Кохи кинову консертии “Борбад” (солҳои 1982-1984), театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (солҳои 1989-1990), театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (солҳои 2004-2005), Китобхонаи миллии Тоҷикистон (солҳои 2011-2012, асари монументалии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”).

Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф бо унвонҳои “Рассоми Халқии Тоҷикистон”, “Арбоби хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон”, ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Шӯрои Вазирони ИҶШС қадрдонӣ шудааст.

Намоишҳои баргузор намудаи рассом: “Сиёҳ ва сафед” (соли 1996, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи К. Беҳзод), “Субҳи сафед” (соли 2006, Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ).