Ифтитоҳи намоиши ҷашнии “Ваҳдатнигор”

Рӯзи 16.06.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои суратгири машҳури тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Ёров бахшида ба ҷашни 25 солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони «Ваҳдатнигор» ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе аз қабили Олмон, Эрон, Россия, Покистон, Фаластин, ҳунармандону аккосони шинохтаи кишвар ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни суханронии хеш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ омили пешрафти Тоҷикистони азиз ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон буда, дар аксҳои ба тамошо пешниҳод гардида дастовардҳои соҳаҳҳои мухталифи кишвар дар давоми 25-соли Ваҳдати миллӣ инъикос шудаанд.

Дар намоиш 160 адад аксҳои солҳои гуногун аккосӣ намудаи Шӯҳратҷон Ёров пешниҳод шудаанд, ки доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардуми шарифи тоҷик қисса мекунанд.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик, нақши басо бузургро иҷро кард.

Ваҳдат – омили асосии сарҷаъмии миллат буда, аксҳои суратгир Шӯҳратҷон Ёров байёнгари иқболи нек ва сарҷамъии миллати сарбаланди тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон, табиати нотакрори Тоҷикистон, ёдгориҳои таърихии сарзамини бостонӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик, ки солҳои соҳибистиқлолӣ эҳё ва рушд намудаанд ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст.

Намоиши «Ваҳдатнигор» то санаи 1.07.2022 идома меёбад.