Ифтитоҳи намоиши ҷашнии “Дастовардҳои бостоншиносии …

Ифтитоҳи намоиши ҷашнии “Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони Истиқлол”

Имрӯз, 16.04.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони Истиқлол” ифтитоҳ гардид.

Дар кори намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, доктори илми таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарипов, муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Саиднуриддинзода, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пӯлотов Абдураҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 800 адад бозёфтҳои муҳим ва нодири таърихии бостоншиносони Осорхонаи миллӣ, ки аз соли 2014 то соли 2025 ҳангоми ҳафриётҳо ба даст омадаанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Экспонатҳои мазкур аз ёдгориҳои Ғаравқалъа, Сайёд, Ҳалқаҷар, Чимқурғон, Тахти Шоҳӣ, Алмосӣ ва дигар мавзеъҳои таърихии ҳудуди кишвар кашф шуда, мансуб ба давраҳои гуногуни таърихианд. Нодиртарин нигораҳои ин намоиш, ки аҳамияти илмӣ-таърихии сатҳи ҷаҳонӣ доранд, “зарфи обгирӣ бо навиштаҷоти бохтарӣ”, “сангнавиштаҳои Алмосӣ (бо хат ва забони қадимаи бохтарӣ)”, “овезаи тиллоӣ бо тасвири Кентавр”, “ҳалқаи тиллоӣ”, “хурмаи чордастаи тамғадор”, “баргаи тиллоӣ” ва “гӯшворҳои тиллоӣ” ба ҳисоб мераванд.

Соҳаи бостоншиносӣ, ки аз муҳимтарин илмҳои замони муосир барои омӯзиши таъриху фарҳанги ҳар як халқу миллат аст, таърихи ҷамъияти инсониро дар асоси ёдгориҳои маданияти моддӣ меомӯзад. Барои ҳамин дар замони муосир барои инкишофи ин соҳа диққати махсус дода мешавад. Чи тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси олӣ зикр намуданд “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи онро ташкил медиҳанд”.

Осорхонаи миллӣ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти омӯзиши таърихи ниёгон ва бедор намудани ҳуввияти миллии шаҳрвандони кишвар сармашқи кори худ қарор дода, аз соли 2014 инҷониб ҳафриётҳои бостоншиносии мустақилонаи худро дар ёдгориҳои гуногуни таърихии кишвар идома дода истодааст. То инҷониб бостоншиносони муассиса дар зиёда аз 10 ёдгорӣ ковишҳоро анҷом додааст. Давоми 12 соли охир ёдгориҳои Ғаравқалъа, Сайёд, Ҳалқаҷар, Чимқурғон, Тахти Шоҳӣ, Куҳначинор, Алмосӣ, Сари Майн, Моинкаҷ, Теппаи Ғозиён, Саразм 2 пурра ва ё қисман омӯхта шуданд. Дар намоиши болозикр дастовардҳои беҳтарини ин ёдгориҳо пешниҳоди тамошобинон мегарданд, ки аз маводи гуногун – тилло, нуқра, мису биринҷӣ, сангу сафол ва устухон сохта шудаанд ва таҷассумгари мероси пурғановат ва ҳунари волои гузаштагони мо ба ҳисоб мераванд.
Намоиши “Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони Истиқлолият”то 30 апрели соли 2026 идома меёбад.