Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Имрӯз 05.03.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи “Рӯзи Модар” намоиши хоссаи ҷашнӣ таҳти унвони “Симои Зан-Модар дар  офаридаҳои рассомони  Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори намоиш Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, дигар  меҳмонон, донишҷӯён  ва ҳайати роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар ибтидо директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо тамоми иштирокчиён ва модарону бонувони кишварро ба ифтихори ҷашни “Рӯзи Модар” табрику таҳният намуда, роҷеъ ба мақому манзалати Зан-Модари тоҷик суханоронӣ намуданд.

Дар намоиши мазкур аз ганҷинаи фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ  зиёда аз 40 адад гулчини асарҳои рассомон, аз қабили  офаридаҳои Казмичёв Ю.М. “Симои Розия Озод” (соли 1945), Абдурањмонов  И.А. “Пиллакорон” (соли  1955), Њайдаров А.Қ. “Симои Г. Сафаралиева” (соли 1985),  Раҳимов А. “Кашидадӯз”(соли 1956),  Шералиев С. “Дар лаби чашма” (соли 1982), Шипулин М.Н. “Симои Хайрӣ Назарова” (соли 1971), Лисиков И.Л. “Симои Малика Собирова” (соли 1967),  Жаданов В.И. “Симои Зулфия Рањматуллоева” (соли  1979), Белетский А.П. “Духтар аз  шањр” ( соли 1972)  ва дигар асарҳо ба намоиш гузошта шудаанд.  

Дар  офаридаҳои мусаввирон, ки дар солҳои гуногун асарҳо эҷод намуданд, мавзуъҳои ҳунармандӣ, дӯстиву рафоқат, даврони ҷавонӣ-донишҷӯӣ, варзиш, илмомӯзӣ ва дигар касбу кори Зан-модари тоҷик инъикос гардидаанд.

Ҳамзамон, дар намоиш як қатор асарҳои қаламкашии рассомони тоҷик пешниҳод гардидааст, ки  симои занону бонувони сиёсатмадори кишварро дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум менамоянд.

Намоиши “Симои Зан Модар дар офаридаҳои рассомони  Тоҷикистон” то рўзи 20-уми марти  соли 2024 идома меёбад.