Ифтитоҳи намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон”
Рӯзи 23.06.2022 дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ҲХДТ дар ш. Душанбе, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе: Россия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Покистон, Фаластин, Афғонистон, Ҳиндустон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ва дигар ҳаводорони санъату ҳунари рассомӣ иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикос намудани робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия буда, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа мебошад.
Дар намоиш 62 адад мусавварањои 50 рассомони рус аз қабили офаридаҳои И.К. Айвазовский, А.А. Дейнека, А.К. Саврасов, Б.М. Кустодиев, В.А. Серов, В.Е. Маковский, И.Н. Крамской, И.Э. Грабар, И.Е. Репин, И.И. Левитан, П.С. Шилтсов, В.И. Суриков, И.И. Шишкин, Ю.И. Пименов, Ю.П. Кугач ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Мусаввараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, тамошобинонро бо сабки хоссаи ҳар як нафар рассом, ҷаҳони тахаюлот ва рангини рассомӣ ворид намуда, аз табиат, фарҳанг, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти кишвари рус дар давраҳои мухталифи таърихӣ қисса мекунанд.
Намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” то рӯзи 23-августи соли 2022 идома меёбад.