Ифтитоҳи намоиш зери унвони «Эҳё»
Рӯзи 7 апрели соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Эҳё» намоиши асарҳои рассомӣ ифтитоњ гардид.
Дар ифтитоҳи расмии намоиш Мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода, Котиби Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ ба миқдори 30 адад асар аз эҷодиёти рассомони машҳур ба монанди Хошмухаммедов М., Ашуров А. Д., Ҳайдаров А., Камелин А.Н., Аветов М., Сидоренко В.Л., Кушнер А.Н., Татевосян О.К., Пономарёв А.М., Зубреева М., Буртсев Е. Г., Барто Р. Н., Бровидовский В., Маргунов А., Алексеев В., Боборикин В. ва Волинский И. ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзуҳои муҳофизати Ватан, сулҳ, об, ҳунармандӣ, ободонӣ, хоҷагидорӣ ва амсоли инҳо инъикос ёфтаанд, ки шоистаи дидан мебошанд.
Асарҳои рассомӣ бо номҳои “Роҳи Сталинобод-Хоруғ. 1947”, “Темурмалик”, “Ба хотири сулҳ”, “Об рафт”, “Ид дар колхоз”, “Хабари мукофот”, “Дар ҷабҳаи меҳнат”, “Бозор”, “Занон дар чойхонаи сурх. 1934”, “Кулолгарон”, “Рамаи колхоз”, “Муаллим. 1940”, “Иваз кардани ҷабҳачиён”, “Парашутчизан М. Муродова. 1940”, “Бинои асосии канал. 1940”, “Шом дар колхоз. 1950” ва ғайраҳо офарида шудаанд.
Бо баракати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мусаввараҳо аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ тармиму таҳким гардида, ба онҳо умри дубора бахшида шуд. Зеро осори мазкур охирин маротиба солҳои 60-уми асри XX ба намоиш гузошта шуда буданд.
Намоиши мазкур барои устодону донишҷӯёни муассисаҳои рассомии кишвар имкон фароҳам меорад, то аз ин офаридаҳои мусаввирони қарни гузашта аз наздик дидан намуда, бо мактаби рассомии онҳо хубтар ошно шаванд.
Зимнан ин намоиш дар баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, сатҳи дониши қишрҳои гуногуни ҷомеа аз дирӯзи хеш ва дарки масъулияти ватандорӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Чунки ин асарҳои рассомон аз гузаштаи начандон дури ин сарзамини нотакрор қисса мекунанд.
Ҳамчунин ин осор ифодагари саҳми рассомон дар интиқоли маълумоти муҳим оид ба кору пайкор, табиат, тарзи зисту зиндагонӣ, либоспӯшӣ, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик аз насли дирӯз ба имрӯз мебошад.
Намоиши «Эҳё» дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” то рӯзи 30 апрели соли 2023 идома меёбад.