Ифтитоҳи намоиш ва рӯнамоии китоб зери унвони«Чил калид» дар Осорхонаи миллӣ
Ифтитоҳи намоиш ва рӯнамоии китоб зери унвони«Чил калид» дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 04.04.2026 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши бадеӣ ва ҳамоиши фарҳангӣ-илмӣ ҷиҳати рӯнамоии китоб таҳти унвони «Чил калид» баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти омӯзгории Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов бахшида шуда, бо иштироки васеи аҳли илму фарҳанг, санъатшиносон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дӯстдорони санъати тасвирӣ ҷараён гирифт.
Дар қисмати ифтитоҳии расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва рушди санъати тасвирии муосири тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки намоиши «Чил калид» ҳамчун падидаи назаррас дар ҳаёти фарҳангии кишвар, бозгӯкунандаи таҷрибаи ғании эҷодӣ ва омӯзгории Анваршо Сайфудинов мебошад.
Сипас, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова баромад намуда, саҳми арзандаи устодро дар ташаккул ва рушди мактаби миллии рассомӣ таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, эҷодиёти Анваршо Сайфудинов бо вижагиҳои хоси бадеӣ, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва пайванди амиқ бо суннатҳои миллӣ фарқ намуда, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ибрат хизмат мекунад.
Дар намоиш 172 асари нодир, ки маҳсули заҳмати бисёрсолаи устод ва шогирдони ӯ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Меҳвари асосии намоишро мусаввараҳои Анваршо Сайфудинов дар сабки абстраксионизм ташкил медиҳанд. Ин асарҳо бо услуби хос, истифодаи моҳиронаи рангҳо ва умқи фалсафии худ фарқ карда, бинандаро ба дарки маъноҳои рамзӣ ва ҷаҳони ботинии ҳунар раҳнамун месозанд.
Ҳамзамон, дар намоиш офаридаҳои шогирдони устод — Муноҷот Бойматова, Давлат Абдуазизов ва Муҳаммадҷон Ҳикматзода низ пешкаши тамошобинон гардидаанд. Эҷодиёти онҳо дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, аз ҷумла гобелен, кундал ва наққошӣ пешниҳод шуда, идомаи бомуваффақияти анъанаҳои мактаби рассомии устодро инъикос менамояд.
Намоиши «Чил калид» на танҳо натиҷаи ним асри фаъолияти омӯзгории рассом, балки инъикосгари равандҳои таҳаввул ва рушди санъати муосири тоҷик дар даврони Истиқлол мебошад. Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии мактаби эҷодии Анваршо Сайфудинов ва нишон додани робитаи зичи анъанаҳои миллӣ бо равияҳои муосири ҳунарӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои мазкур ҳамоиши фарҳангӣ-илмӣ бахшида ба рӯнамоии китоби Анваршо Сайфудинов таҳти унвони «Чил калид» баргузор гардид.
Директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо аҳамияти нашри китоби «Чил калид»-ро дар рушди санъати миллӣ ва таҳкими мероси фарҳангии кишвар таъкид кард. Зикр гардид, ки осори Анваршо Сайфудинов ҳамчун падидаи арзишманд дар муаррифии ҳунари тасвирии муосири тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, санъатшинос Лариса Додхудоева, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муфарраҳ Муҳаббатов ва ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин бо маърӯзаҳои илмӣ ва таҳлилӣ баромад намуда, ба арзёбии фаъолияти эҷодӣ ва омӯзгории Анваршо Сайфудинов пардохтанд.
Дар баромадҳо таъкид гардид, ки китоби «Чил калид» на танҳо маҷмуаи осори бадеӣ, балки дастури муҳимми маънавию методӣ барои насли ҷавони рассомон ва муҳаққиқони соҳаи санъат ба ҳисоб меравад. Муаллиф тавассути ин асар таҷрибаи чандинсолаи худро дар самти эҷод ва таълим ҷамъбаст намуда, ба хонандагон “калид”-ҳои рамзии дарки ҳунари тасвириро пешниҳод кардааст.
Дар анҷоми ҳамоиш Анваршо Сайфудинов ба иштирокчиён нусхаҳои китоби «Чил калид»-ро ҳамчун армуғони хотиравӣ тақдим намуд, ки боиси болоравии рӯҳияи фарҳангӣ ва қадрдонии ҳунари миллӣ гардид.



























