Ифтитоҳи намоиш таҳти унвони “Манзаранигор”

Рӯзи 28.04.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 110 – солагии яке аз поягузорони мактаби рассомӣ дар Тоҷикистон рассом, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хошмуҳаммедов Маҷид таҳти унвони “Манзаранигор” намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар риштаи рассомӣ таҳсил менамоянд ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 40 адад асарҳои офаридаи Хошмуҳаммедов Маҷид ба тамошо бароварда шудааст, ки онҳо инъикосгари паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик аз ҷумла табиати нотакрори Тоҷикистон мебошанд. Асарҳо дар солҳои гуногун офарида шуда, дар онҳо мавзӯъҳои зерин: “Ҷамъоварии ҳосил” 1944, “Вохӯрии қаҳрамонон” 1943, “Кӯчаҳои боронӣ” 1941, “Корхонаи пахта” 1948, “Сохтмони нерӯгоҳи Қайроқум” 1955, “Самарқанд. Шоҳи зинда” 1963, “Дугонаҳо” 1950, “Роҳ ба сӯи деҳа” 1956, “Манзараи Норак” 1974, “Тирамоҳ” 1978 ва ғайраҳо инъикос шудаанд.

Дар ифтитоҳи намоиш иштирокчиён қайд намуданд, ки Хошмуҳаммедов Маҷид Раҳимович (1912-1985) солҳои тӯлонӣ дар вазифаи Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар рушди ин ҳунар ва омода намудани кадрҳои соҳа саҳми назаррас гузоштааст. Инчунин мусаввараҳои офаридаи рассом борҳо дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба намоиш бароварда шудаанд. Хосатан дар намоиши дуюми ҷумҳуриявии асарҳои рассомони Тоҷикистон, ки соли 1935 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, асарҳои зерин: “Ҳавлӣ”, “Фурӯши нон” ва “Деҳаи кӯҳистон” ба намоиш гузошта шуда буданд.