Ифтитоҳи ҳамоиш ва намоиши ҷашнӣ дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони

Ифтитоҳи ҳамоиш ва намоиши ҷашнӣ дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»

Имрӯз, 07.05.2026, дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии шоистаи қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат, ба муносибати ҷашни 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамоиш  ва намоиши бошукӯҳи ҷашнӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Алишер Худойбердиевич, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сайорифзода Қобилҷон, намоядаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Хуторская Вера Валериевна, намоядаи сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Колодкин Николай Георгиевич ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти ҳамоиш ба хотири ёдбуд ва гиромидошти шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъру сурудҳои ватандӯстона – ифодагари набардҳо аз ҷониби ҳунармандони дастаи ҳунарии Гвардияи миллӣ, овозхонони Ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи хонандагони муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.

Дар намоиши ҷашнӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ экспонатҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳои таърихӣ, лавозимоти ҷангӣ ва ордену медалҳо пешниҳод гардиданд. Ин нигораҳо аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.

Дар гӯшаи махсуси намоишгоҳ намунаи аризаҳои ихтиёриёни ҷанг, аз ҷумла Марям Абдуллоева, Сайид Баротов, Солӣ Одилов ва мактубҳои аз майдони ҷанг навиштаи Машраб Ахмедов ва Абдусаттор Қодиров, ки ба хонаводаҳои худ ирсол намудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Инчунин, лавозимоти ҷангии қаҳрамонони миллат, аз қабили, сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, Дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ Қодиров, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов ба намоиш гузошта шудаанд, ки лаҳзаҳои набардро пеши назари тамошобин ҷилвагар сохтанд.

Қисмати бадеии намоишро мусаввараҳои рассомони барҷаста, ки ба мавзуи ҷанг бахшида шудаанд, зинат медиҳанд. Аз ҷумла, асарҳои Х. Д. Хушбахтов, «Модари Қаҳрамон Тӯйчӣ Эрҷигитов», Б. Т. Сапронов «Соли 1941», А. Т. Бесперстов «Бозгашти писар», И. Р. Рахнаев «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», А. П. Белетский «Симои София Ниёзова», Л. Х. Хушбахтов «9-уми майи соли 1945», Ю. Н. Сангов «Майи соли 1945. Вохӯрии ғолибон» ва дигар асарҳо саҳифаҳои зафарманди таърихи халқи тоҷикро инъикос менамоянд.

Дар рафти экскурсия, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо қайд намуданд, ки воқеан, Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба хонаи дуюми сокинони аз минтақаҳои ҷангӣ ба ин кишвар кучонидашуда табдил ёфта буд. Ҳамзамон аз минтақаҳои ҷангӣ даҳҳо корхонаҳои гуногуни саноатӣ, киностудияҳо ба Тоҷикистон кучонида шуда, гуруҳи кормандони илмӣ, театрӣ омада ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 15-уми майи соли 2026 идома меёбад.