«Гули бодом»- намоиши асарҳои Зиёратшо Довутов

Рӯзи 28.10.2020, соати 16-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши асарҳои Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС Довутов Зиёратшо (1946-2020) таҳти унвони «Гули бодом» ифтитоҳ гардид. Дар намоиш 60 мусаввараҳои рассом аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, коллексияҳои оилавӣ ва хусусӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Довутов Зиёратшо 10 феврали соли 1946 дар деҳаи Равнов, ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Соли 1966 Омӯзишгоҳи рассомии Давлатии Тоҷикистон ба номи Олимов ва соли 1971 Донишгоҳи ҳунари тасвирӣ ва ороишии саноатии ба номи Строгоновскийи ш. Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1971 – 1999 дар Омӯзишгоҳи рассомии Давлатии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимов бо таълиму тадрис машғул шудааст. Як муддат (солҳои 1999-2013) дар Фонди бадеии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2013-2016 ба сифати омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар ин миён ӯ мунтазам ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, як силсила мусаввараҳоро дар жанрҳои гуногун офаридааст. Асарҳои ӯ ба тасвири табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосири тоҷик аз қабили Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Сино, Эмомалӣ Раҳмон, Куруши Кабир, Ардашер, Айнӣ ва Турсунзода, зиндагии рӯзмараи меҳнаткашон, сарбозон, занон ва ғайра бахшида шудаанд. Мусаввараҳои «Баҳри Норак», «Се шоҳи бузурги ориёӣ», «Рудакӣ», «Эҳё», «Донишҷӯ» ва як зумраи дигар ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик  дохил шудаанд.

Асарҳои Зиёратшо Довутовро осорхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ харида нигоҳ медоранд ва ба намоиш гузоштаанд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 26 асари ӯ нигоҳ дошта мешаванд. Мусаввараҳои ӯ ҳамчунин дар чунин осорхонаҳои маъруфи шаҳри Москав ба монанди Нигористони Третяков, Осорхонаи Рус (Русский музей) ва Осорхонаи санъати Шарқ (Музей восточного искусства) мавҷуданд. Мусаввараҳои ӯ 7 маротиба дар муассисаҳои гуногуни эҷодӣ- Осорхонаи миллии Тоҷикистон (солҳои 1992, 2016), Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (солҳои 1975, 1996), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 1971), Нигористони Третякови шаҳри Москва (соли 1977) ба намоиш гузошта шудаанд Зиёратшо Довутов мусаввир – ороишгари шинохта низ мебошад. Ӯ аввалин мусаввир – ороишгари Тоҷикистон буда, дар ороиши як қатор биноҳои фарҳангӣ- маърифатӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ороишгари хона-осорхонаҳои адибони шинохтаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сайдалӣ Вализода, осорхонаи Восеъ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ш. Турсунзода, бинои Сирки давлатӣ, меҳмонхонаи Тоҷикистон, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ, муаллифи девормусаввараҳои чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Данғара мебошад. Асарҳои ӯ дар китоб ва маҷмӯаҳои бахшида ба ҳунари тасвирӣ, ки дар Тоҷикистон, Россия ва Аврупо нашр шудаанд, ҷой дода шудаанд ва аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.

Намоиши мусаввараҳои Довутов Зиёратшо то 14.11.2020 идома меёбад.