Душанбе-Сямэн: 10 соли робитаҳои бародаршаҳрӣ
Ба ифтихори 10 солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 15.05.2023 дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо баргузор гардид.
Намоиши аксҳои марбут ба ифтихори ин санаи фархунда, ки таҷассумгари воқеии муносибатҳои бародархондагии дуҷониба маҳсуб меёбад, фарогири беш аз 50 адад мебошад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе С. Саломзода ва муовини Раиси шаҳри Сямэн Чжан Жунлян дар фазои тантанавӣ ба намоиш ҳусни оғоз бахшиданд.
Расмҳои аксбардорону суратгирони маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки манзарҳои зебои шаҳри Сямэн, дастовардҳои шаҳр тӯли солҳои гуногуни мавҷудият, лаҳзаҳои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шаҳриёну шаҳрдорони Сямэнро рӯи навор овардаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Зимнан ба ҳамин монанд расмҳои аксбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки фарогири мавзуҳои болозикри шаҳри Душанбе мебошанд, ба маърази тамошо бароварда шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ иштирок намуданд.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ муовини Раиси шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Жунлян ва ҳайти ҳамроҳонаш аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик шинос гардиданд.