Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон” намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид
Рӯзи 19.04.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзуи “Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафолзода Муҳаммадӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, директори Маркази фарҳангии Свами Вивекананда хонум Ҷуи Део-фаокар, директори Китобхои миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумъахон, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Ҳиндустон Раҷабов Ҳабибулло, директори Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода Табарова Мошариф, раиси Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили адабии “Бонги най” Нарзуллоев Сайҳомиддин, намояндаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Солеҳов Назриддин, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ифтитоҳи намоиш зикр намуд, ки “Устод Мирзо Турсунзода бидуни шак, яке аз барҷастатарин ва пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ, ва адабиест, ки тавассути осор ва ашъори ҷаззобу пурмуҳтаво ва сафарҳои рамиву эҷодиаш ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро ба кишварҳои дурдасттарин ҳамчун арғумон бурдааст”.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тољикистон ва Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода 110 адад экспонат, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо, китобҳо ва дигар экспонатҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дар кори намоиш ва конфронси илмӣ доираи васеъи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла дар кори конфронс зикр шуд, ки Мирзо Турсунзода (1911-1977) на танҳо ҳамчун шоире шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи бузурги сайёра — Осиё ва Африқо хизматҳои шойиста ба ҷо овардааст.
Дар конфронс аз ҷониби гузоришдиҳандагон мавзуъҳои “Ҳиндустон аз назари шоири инсондӯст”, “Садои Турсунзода – садои адибони тараққипарвари Ҳиндустон”, “Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода”, “Аз таърихи Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода” пешниҳод гардиданд.
Намоиши «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон» то 1.05.2021 идома меёбад.