Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик» намоиш ва конфронси илмї баргузор гардид
Бахшида ба љашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илм дар Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри таҷлили 143-солагиии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ баргузор намуд.
Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрури Абдулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода, Котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон Колотилинский Сергей, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, набераи устод Садриддин Айнӣ Эраҷ Айнӣ, сардори Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ Шердил Каримов ва дигар олимону донишмандон ширкат намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи намоиш зикр намуд, ки “Пас аз Инқилоби Октябр ва пеш омадани зарурияти таъсисёбии собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ чеҳраҳои шинохтаи ҳар як халқу миллат барои муаррифии таърихи худ саъю талош намуданд, ки дар ин ибтикори наҷиб аз мо тоҷикон саҳми устодон аз ҷумла Садриддин Айнӣ хеле назаррас мебошад”.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тољикистон осори санъати тасвирӣ, кандакории рӯи чӯб ва нимпайкараҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик офарида шудаанд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳамчунин як қатор ашёи таърихие, ки бозгӯйи ҳаёту фаъолияти пурсамари устод Садриддин Айнӣ ба монанди қаламдон, рангдон айнакҳо, худкор, асои мунаққаш, гулдон, курсӣ, чароғи рӯйи мизӣ, офтобаи мисӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, шаҳодатномаи депутатӣ ва ордену медалҳо аз фонди захиравии Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ интихоб гардида, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар кори конфронси илмї доираи васеъи олимон, муаррихон, адибон, айнишиносон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолият, эҷодиёт ва саҳми боризи устод Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла директори Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд Пӯлотов Амриддин тавассути видео суханронӣ намуд.
Намоиши «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик» аз 14 апрел то 1 майи соли 2021 идома меёбад.