Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» намоиш ифтитоҳ гардид
Рўзи 09.06.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тољикистон” бахшида ба ташрифи навбатии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович намоиш дар мавзӯи «Тоҷикистон – Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии худ зикр намуданд, ки “мо аҳли фарҳанг анъанаи неки ниёгонро идома дода, фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омӯхта, ҷиҳати бештар наздик сохтани халқҳоямон дар заминаи арзишҳои нек ва созанда чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ доир намуда, дастовард ва арзишҳоеро, ки халқҳои тоҷику ӯзбек тӯли асрҳо сохтаанд ҳифз ва муаррифӣ менамоем”.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тољикистон як қатор экспонатҳои нодир: мусаввараву нимпайкараҳо, китобу аксҳо, гулдону армуғонҳо ва қолинҳои дастбоф пешниҳод шудаанд, ки аз дастовардҳои ин ду халқи таърихӣ дар масири дӯстӣ ва созандагӣ қисса мекунанд.
Воқеан дӯстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолу озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сатҳи сифатан нав касб намуд. Хосатан дар ин ҷода саҳми роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович хеле бузург аст. Бинобар ин, дар оғози намоиш тавассути аксҳо дастовардҳои солҳои охир дар ин самт ноилгардида муаррифӣ шудаанд.
Дар қисмати дигари намоиш як қатор армӯғонҳо аз қабили лаълӣ бо нақшу нигори шарқӣ, амсилаи Регистони Самарқанд, миниатюраи шарқӣ дар чӯб, ки аз ҷониби Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилов Оқил Ғайбуллоевич (солҳои 1999-2013) тӯҳфа гардидаанд, ба намоиш бароварда шудааст.
Ҳамзамон дар намоиш мавзеъҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути мусаввара ва китобу маҷаллаҳо инъикос ёфта, дар маркази намоиш пайкараи дӯстон – намояндагони адабиёти ин ду миллат, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ пешниҳоди тамошобинон шудааст.