Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Театр – таърих ва замони ҳозира» ифтитоҳ гардид
Рӯзи 07.11.2020 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 120 – солагии бунёдгузор ва ислоҳотгари театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов ва “Рӯзи театри тоҷик” намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Театр – таърих ва замони ҳозира» ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 73 адад экспонат, аз қабили муссавараҳо, диплому сипосномаҳо, грамотаҳои фахрӣ, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, аксҳо, албом ва китобҳои соҳавӣ пешниҳод шудаанд, ки таърихи рушди театри тоҷик, саҳми боризи ҳунармандони театрро дар арсаи ҳунари миллии тоҷикон ва тамаддуни ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари фарҳанги миллӣ дар намоиш муаррифӣ шуда, аксҳои Пешвои миллат бо ҳунармандони театри тоҷик, ҳамзамон зимни тамошои саҳнаҳои театрикунонидашуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар қисми дигари намоиш фаъолияти пурсамари бунёдгузор ва ислоҳотгари театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов (1900 – 1977) инъикос гашта, дар аксҳо рафти муҳокима ва таҳияи намоишномаҳои “Ромео ва Ҷулетта” – и У. Шекспир соли 1938, намоишномаи “Рустам ва Сӯҳроб” соли 1942 пешниҳод шудааст. Ҳамзамон як чанд экспонат: дастгоҳи аккосӣ, радио, мошинаи чопкунӣ, фитаҳои гуногун аз коллексияи хона – осорхонаи Ҳомид Маҳмудов пешниҳоди тамошобинон шудаанд.
Ҳамчунин дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 9 адад мусаввараҳои рассомони машҳур, ки симои ҳунармандони тоҷикро ҳангоми иҷрои нақшҳои гуногун офаридаанд пешниҳоди тамошобин гардида, офаридаҳои рассомон Лисиков И. Л. “Симои Аслӣ Бурҳонов”, “Симои С. Туйбоева”, «Симои М. Собирова», Хушвахтов Х. “Симои Ғуломҳайдар Ғ.”, Шипулин М. “Симои Х. Назарова”, “Симои Ш. Қиёмов”, Абдурашидов А. “Диалог”, “Ҳошим Гадоев дар нақши Гамлет аз рӯи асари Шекспир”, Ҳайдаров А. Қ. «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои Майрам Исоева дар нақши Гертруда аз намоишномаи Ҳамлет» аз зумраи онҳо мебошанд.
Дар қисмате аз намоиш диплому сипосномаҳо ва грамотаҳои фахрӣ, шаҳодатномаҳо, ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ, албому рӯзномаҳо ва барқияҳои табрикотӣ мансуб ба ҳунармандони машҳури театри тоҷик Қосимов Муҳаммадҷон, Бурҳонов Аслӣ, Дусматов Зоҳир, Қосимов Абдулхайр, Майрам Исоева, Раҳматова Нуқра, Зоҳидова Лутфия, Ато Муҳаммадҷонов, Муллоҷонова Шоиста, Аҳмедова Барно пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз фаъолият ва дастовардҳои эҷодии эшон қисса мекунанд.
Ҳамзамон баъд аз ифтитоҳи намоиши мазкур дар толори маҷлисгоҳи ошёнаи сеюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони: “Хориқаи Ҳомид Маҳмудов дар бунёд ва пешрафти Театри миллии Тоҷикистон” баргузор шуд, ки дар он масоили мубрами илмӣ-консептуалӣ баррасӣ гардиданд.
Ташкилкунандагони намоиш ва конфронс: МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Дар намоиш ва конфронси мазкур Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид, муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намоиши «Театр – таърих ва замони ҳозира» то 21.11.2020 идома меёбад