Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши фарҳангӣ-фароғатии “Сад ранги чакан” ифтитоҳ гардид.

Намоиши мазкур бо иқдоми Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Аҳлиддин Ибодуллозода, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Ғанизода Ҷамшед, Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарифзода Комилҷон суханронӣ намуданд.

Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни суханронии хеш зикр намуд, ки “ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур – ин баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ мебошад”.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон баъд аз анҷоми суханронии худ “Сертификат”-и асле, ки ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) шомил гардидани “Чакан”-ро тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода супорид.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардуми тоҷик аз қабили куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рукурпагӣ, рӯгавҳорагӣ, рӯйҷо, чойгир, салла (дастор) ва дигар намудҳо ба маъраз гузошта шудаанд, ки чеварони тоҷик ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзии хешро асосан дар ҳамин намуди ашёи чаканӣ хуб нишон додаанд.

Инчунин дар намоиш маснуоти ороишии занона ба монанди ангушттарин, дастпона, гӯшвор, гарданбанд, тоҷ, миёнбанд ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст, ки занон дар баробари куртаи чакан ин ороишотҳоро низ барои зебу зиннати худ истифода мебурданд.

Дар доираи ин намоиш маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ ба монанди чакан, атлас ва адрас аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Намоиши мазкур аз 16 то 31 марти соли ҷорӣ идома меёбад.