Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Рӯзи 21.06.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар доираи таҷлили Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россия таҳти унвони «Вологодская кружево» ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Сафорати Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш яке аз маъмултарин намудҳои санъати ороишӣ ва амалии Росссия ба маърази тамошо гузошта шудааст. Инчунин коллексияи Осорхонаи тӯрии музей-мамнӯъгоҳи таърихӣ, меъморӣ ва санъатшиносии Вологда бо асарҳои дӯзандаҳо ва рассомони Вологда муаррифӣ карда мешавад.
Ҳаводорон ва дӯстдорони ин намуди санъати ороишӣ метавонанд то санаи 27.06.2021 аз намоиши «Вологодская кружево» дидан намоянд.