Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар …

Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Антарктида афрохта шуда буд, ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд

Рӯзи 23.11.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Қаюмов Абдулҳамид, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Воқеан, дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.

Хушбахтона, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Дар ин замина, соли 2007 бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва қабул гардид, барои ҳифз ва муаррифӣ ба  Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Инчунин рӯзи 24.11.2022 аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз (аз 14.10.2004 то 24.04.2005) дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов расман ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” тақдим гардид.

Ҳамакнун дар доираи ин ҳамоиш нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олими тоҷик, иқлимшинос, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон Қаюмов Абдулҳамид 6 январи соли 2009 дар қитъаи шашуми ҷаҳон – Антарктида расман барафрохта шуда буд, ҷиҳати ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.