Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Пешвои миллат …
Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – пуштибон ва ғамхори ҷавонон” ҳамоиши ятимони кулл баргузор гардид
Рӯзи 15.11.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат пуштибон ва ғамхори ҷавонон” ҳамоиши ятимони кулл баргузор гардид.
Дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, инчунин ятимони кулл, бепарасторон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои олии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар суханронии худ зикр намуд, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарварона ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷавонон, махсусан ятимони кулл таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар навбати худ баён карданд, ки Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҳолу аҳволи ятимони кишвар бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина, коллексияи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи миллӣ дар самти худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани ин ва дигар қишрҳои ҷомеа нақши муассир дорад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш дарҷ гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.