Баргузории намоиш ва конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Дастовардҳои илмии олимаҳои тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Рӯзи 14.04.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Ҳафтаи илм” намоиш ва конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Дастовардҳои илмии олимаҳои тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии конференсияи мазкур ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор Самадович, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ  Ҷумъахон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Аҳлиддин Ибодуллозода зимни суханронии ифтитоҳии хеш зикр намуданд, ки дар асоси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд гардида, имрӯз ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ҷумла тибқи маълумоти дастрас дар соҳаҳои гуногуни кишвар беш аз 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаҳои илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият намуда, ҳамзамон нақши олимазанҳои тоҷик дар ҷодаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ хеле назаррас мебошад. Дар намоиш зиёда аз 500 адад мусаввараҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, ихтироот, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари олимаҳои тоҷик ва саҳми боризи онҳоро дар арсаи илми ватанӣ ва умумибашарӣ нишон медиҳад.

Дар ин чорабинии муҳими илмӣ аз ҷониби муҳаққиқону донишмандон, доираи васеъи коршиносон, олимаҳои муваффақи кишвар ва ходимони давлатӣ мавзӯъҳои дахлдор ва мубрами зерин: доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Мағфират – “Рисолати занон дар илм”, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ Собирова Қурбонбегим Давлатқадамовна – “Саҳми олимаҳои муаррихи ДМТ дар таҳқиқи таъриху фарҳанги халқи тоҷик”, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ Фозилова Махсуда – “Дастовардҳои илмии олимаҳои ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ”, номзади илмҳои физикаю математикаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатмамадова Саъбик Шомамадовна – “Дастовардҳои илмии олимаҳои Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ”, номзади илмҳои филалогӣ, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Олимӣ Хосият Ҳоким – “Саҳми бонувони соҳибмаърифат дар таҳқиқи забонҳо”, сардори шуъбаи банақшагирии корҳои илмӣ – таҳқиқотии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, номзади илмҳои иқтисодӣ Сангинова Умеда – “Дастовардҳои илмии олимаҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои соҳибистиқлолӣ”, мудири кафедраи бойгонишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илми таърих, дотсент Мамадазимова Марям – “Саҳми олимаҳои ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар рушди соҳаи фарҳанг” ва номзади илми химия, дотсент Ғоибуллоева Зумрат – “Саҳми олимаҳои ДТТ ба номи М. Осимӣ дар рушди илмҳои техникӣ” пешниҳод гардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Намоиши «Дастовардҳои илмии олимаҳои тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 25.04.2022 идома меёбад.