Ҳамоиши фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар Осорхонаи миллӣ

Ҳамоиши фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар Осорхонаи миллӣ

Рӯзи 20.02.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони шуҷои Ватан баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини якуми Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимиён Ориф Ислом, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Раҳмиддин ва намояндани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собириён Муҳаммад суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амният дар мамлакат мубаддал гаштааст.
Ҳамзамон, Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 32-солагии Қувваҳои Мусаллањи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз санаи 17 то 23 феврали соли ҷорӣ 2200 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва ҷорабиниҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд.
Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҷиҳати шиносоии бештар доштан бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик экскурсияҳо баргузор мегарданд.