Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши ҷашнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байнамилалӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо иштироки роҳбарият ва кормандони он чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Аҳлиддин Ибодуллозода аҳли кормандон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

Мавсуф зикр намуданд, ки Наврӯз – яке аз идҳои миллии тоҷикон ба шумор рафта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мақоми байналмилалиро касб намуд.

Дар намоиши ҷашнӣ аз фонди муассиса зиёда аз 1510 адад гулдузиҳои миллӣ ба маъразӣ тамошо бароварда шуд, ки аз ҳунари баланди ҳунармандон гуквоҳӣ медиҳанд. Ин навъи ҳунари ниёгон инъикосгари таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Аз ҷониби роҳбарияти муассиса як қатор кормандони фаъол барои саҳми назаррас гузоштан амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар, махсусан дар соҳаи осорхонашиносӣ бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ гардиданд.

Зимнан як корманди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар даъвати навбатии шаҳрвандони кишвар ба хизмати ҳарбӣ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваст, ки ин амали ватандӯстона низ аз мадди назари роҳбарият дур намонда бо “Ифтихорнома” қадр карда шуд.

Сарояндагони ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду оҳангҳои дилнишини хеш ба чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ руҳу илҳоми тоза бахшиданд.