Баргузори чорабинии ҷашнӣ зери унвони “Ҳифзи ватан ва инъикоси он дар асарҳои рассомон”

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Артиши миллӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҳифзи ватан ва инъикоси он дар асарҳои рассомон” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ карда шуд.

Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Дилшод, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффариён Фарҳод, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар ноҳияи И. Сомонӣ, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди пойтахт ва ВАО-и кишвар иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар қисмати ифтитоҳи чорабинӣ ҳозирин ва аскарону афсаронро ба 30-юмин солгарди Артиши миллӣ табрик намуда, баён намуд, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дастоварде буд, ки ба музаффарияти давлат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим дар навбати хеш зикр намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ва дар зарфи 30 соли мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайраҳаи пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва дар партави таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ овозхонону мутрибони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар ноҳияи И. Сомонӣ табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳо ва шеърҳои дилнишин шод гардониданд.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ як қатор кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” барои фаъолияти пурсамар дар ташкилу баргузор намудани намоишу чорабиниҳо оид ба Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалбу шинос намудани аскарону афсарони қисмҳои ҳарбӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик бо медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардида, меҳмонону иштирокчиён ва аскарону афсарон аз мусаввараҳои ба тамошо бароварда шуда, дидан намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 27 адад асарҳои беҳтарини рассомони Тоҷикистон аз қабили офаридаҳои Лисиков И. “Симои комиссари милитсия Умаров А.”, Камелин А. Н. “Сарбозон ба хона мераванд”, Буртсев Е. Г. “Сарҳадбонон”, Қурбонов С. “Подполковник Муродов фикр мекунад”, Абдурашидов Р. “Дилсӯзӣ”, Раҳимов А. “Аввалинҳо”, Оқилов А. “Бозгашти аскар”, Довутов З. “Симои сержант Копатилов А.” ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми ватан ва ҷоннисориҳои родмардон нисбати кишвари худ таҷассум ёфтаанд.

Зимнан дар ин рӯз аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ дар толорҳои намоишии муассиса ба 300 нафар аскарону афсарон сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Ба ин восита, дар асоси осори таърихӣ муҳиммияти ҳифзи марзи Ватан, таъмини амният ва осоиштагии сокинони кишвар ба саҳми онҳо расонида шуд.

Маврид ба зикр мебошад, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ ва ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ – ин ба тамошобинон ташвиқу тарғиб намудани ҳисси худшиносиву хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ ва хизмати шоиста ба Ватану миллат мебошад.

Намоиши “Ҳифзи ватан ва инъикоси он дар асарҳои рассомон” то рӯзи 01.03.2023 идома меёбад.