Бахшида ба “Рӯзи Модар” дар доираи намоиши “Инъикоси чеҳраи зан-модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид

8-уми марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии ҷашнӣ ҳайати занону бонувон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ширкат намуданд.

Зимнан дар ин чорабинӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт низ иштирок намуданд. Зеро баргузории ин чорабинӣ як ҳафта қабл дар ҳамаи саҳифаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ эълон гардида буд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода ҳамаи модарону бонувони арҷмандро ба муносибати ҷашни фархунда – “Рӯзи Модар” табрик гуфта, зикр намуд, ки “нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст”.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар баробари мардон дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ меҳмонон аз намоиши “Инъикоси чеҳраи зан-модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баҳрабардорӣ намуда, тавассути экспонатҳои нодир ва арзишманди аз фонди муассиса ба маъраз баровардашуда бо ҳаёт ва фаъолияти занони номдори кишвар, ки дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ баробар бо мардон заҳмат кашида, меҳнати софдилона кардаанд, ошноӣ пайдо намуданд.

Дар доираи ин чорабинии ҷашнӣ ба занону бонувон барномаи пурмуҳтавоӣ консертӣ низ пешкаш гардид.