Артиши миллӣ – зодаи Истиқлолияти давлатӣ
Таърихи 23.02. 2016, соати 10:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Артиши миллӣ – зодаи Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.
Ҳангоми ифтитоҳ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода А. Қ., раиси собиқадорони шаҳри Душанбе Р. Қудратов ва намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуданд.
Инчунин аз ҷониби хонандагони мактаби №67-и ш. Душанбе шеъру таронаҳо дар васфи родмардони Ватан қироат гардиданд. Дар намоиш аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар маводи марбут ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон бо ибтикори роҳбарияти ОМТ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ рӯзҳои 23-27 феврали соли 2016 зиёда аз 1500 нафар афсарону аскарон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд.