Артиши Миллӣ – сипари боэътимоди Ватан

Артиши Миллӣ – сипари боэътимоди Ватан

 

Имрӯз 21.02.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони шуҷои Ватан баргузор гардид.
Дар ибтидои ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳамидиён, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Шарофиддин, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдурашидов Фозил ва намояндаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Замонов Абдувоҳид суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон роҷеъ ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини ҳифзу оромӣ ва сулҳу суботи кишвар андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиши фарҳангӣ аз ҷониби кормандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе рақсу суруд ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан иҷро гардид.
Дар охир ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва дигар меҳмонони ҳамоиш аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути боздид аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.