Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишро бо номи «Артиши миллӣ – зодаи Истиқлолияти давлатӣ» доир намуданд. Дар намоиши мазкур Муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашн шодбош гуфтанд. Ҳамзамон тарбиягирандагони кӯдакистон ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаи кишвар дар васфи Ватан ва родмардони шуҷоъи он шеърҳо қироат намуданд. Дар ин рӯз беш аз 300 нафар низомиён экспозитсияи толорҳои намоишии муассисаро тамошо намуданд. Дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз 21 то 25 феврали соли ҷорӣ ба 1500 нафар афсарону сарбозон ройгон хизмат расонанд. Ба онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа сайри илмӣ бурда мешавад.