Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба …

Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба таҳти унвони «Пешвои миллат ва иттифоқҳои касаба»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба таҳти унвони «Пешвои миллат ва иттифоқҳои касаба» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарони воҳидҳои сохтории ташкилоти иитифоқҳои касабаи Точикистон, фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба, собиқадорони ташкилот, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ бори дуюм тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23.12.2021 Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ба ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро дар ҳамин рӯз – 24 октябри соли 2019 Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда буданд.
Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки «дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳияти қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд».
Бояд гуфт, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари мамлакат, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад. Дар айни замон ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарогири 3 шурои вилоятӣ, як шурои шаҳрӣ, 17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, дар сафҳояш беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид менамояд.
Дар ҳошияи ҳамоиш иштирокчиён аз толори навтаъсиси “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” ва дигар толорҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуда, оид ба табиати зебо ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу ҳифзи муҳити зист маълумоти бештар дастрас намуданд.