Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии …

Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Рӯзи 8 ноябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба ҷашни пурифтихори миллию давлатӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон” доир гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, шоираи шинохтаи кишвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Раънои Мубориз, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамиён Рашид, сарбозону афсарон ва ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён Суруди миллӣ зинда садо дода, баъдан филми мустанади “Пешво” манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар идомаи ҳамоиш маърӯзачиён вобаста ба нақши Пешвои миллат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки воқеан, барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиќлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалї ва шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, рушди иќтисодию иљтимої ва фарњангию маънавии миллати сарбаланд аз ин неъмат аст, ки расидан ба ин дастоварди бузург дар ин марҳила танњо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии кишвар ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талошҳо ва иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат маҳз ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи кишвар равона гардидааст.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Дар охири чорабинӣ ба як қатор иштирокчиёни фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуда, сарбозону афсарон аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.