Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ – омили рушди устувор» ҳамоиши илмӣ–назарявӣ баргузор гардид

Рӯзи 9 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ–назарявӣ таҳти унвони «Тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ – омили рушди устувор» баргузор гардид.

Иштирокчиён дар доираи ҳамоиши мазкур аз намоишҳои муваққатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо номҳои “Сад ранги чакан”, “Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи  тоҷик” ва “Мисгарӣ – бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ” дидан намуданд.