Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи биологӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ дар Тоҷикистон” конфронси илмӣ баргузор гардид

Рӯзи 19.02.2020 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» конфронси илмӣ дар мавзӯи “Масъалаи ҳифзи биологӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Конфронси илмӣ бо ташаббуси кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар кори конфронс намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо дар ифтитоҳи конфронси илмӣ зикр намуд, ки “Тарбияи ватандӯстонаи насли наврас дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳамеша яке аз муҳимтарин вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Шубҳае нест, ки дар шароити муосир осорхонаҳо дар ҳалли мушкилоти ҳифз ва эҳёи суннатҳои фарҳанги халқҳои алоҳида мавқеи муҳимро ишғол мекунанд”.

Дар кори конфронси илмӣ оид ба мавзӯъҳои мақоми арҷгузории “Макони фарҳангӣ” дар болооби Зарафшон (дар мисоли деҳаи Вору), хонаи анъанавии тоҷикони Помир ҳамчун намунаи гуногунрангии фарҳангӣ, омӯзиши этноботаникии растаниҳои Тоҷикистон ва дурнамои истифодаи онҳо дар илми дорусозӣ, расму оини маросими тӯй дар фарҳанги халқи тоҷик: анъана ва амалияи муосир гузоришҳо ироа карда шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни кори конфронси илмӣ филми ҳуҷҷатии “Насаб” оид ба эҷодиёти рассом-миниатюрист Олим Комолов ва намоиши аксҳо таҳти унвони “Нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон: назари насли ҷавон” муаррифӣ карда шуданд.