Дар Осорхонаи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир ба таъриху фарҳанги Кушониён баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир ба таъриху фарҳанги Кушониён баргузор гардид
Имрӯз, 28 октябри соли 2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳқиқи таъриху фарҳанги Кушониён дар мисоли ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо оғоз ёфт. Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Ёқубов дар суханронии худ мавқеи муҳимми давлати Кушониёнро дар таърихи рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа таъкид намуд. Ҳамзамон, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Осорхонаи миллӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги давлати Кушониён, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ ва аҳаммияти ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар омӯзиши ин давраи муҳимми таърихӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарифзода дар мавзуи “Катибаи Сурхкутал” ва номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Заррина Умарова дар мавзуи “Отражение синтеза культурных традиций в ювелирном искусстве кушанского периода” баромад намуданд. Инчунин, сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Миралӣ Каримдодзода дар мавзуи “Нақши шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ дар омӯзиши ёдгориҳои кушонии Тоҷикистон”, номзади илмҳои таърих Фирӯз Шоинбеков дар мавзуи “Нақши қалъаҳои Помир дар низоми сиёсӣ ва иқтисодии империяи Кушониён”, сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Фаррух Сафоев дар мавзуи “Баррасии оини тадфини давраи Кушониён дар асоси маводи бостоншиносии ёдгории таърихии Ҳалқаҷар” ва сармутахассиси ҳамин шуъба Шерзод Асрорӣ дар мавзуи “Таҳқиқоти бостоншиносӣ-генетикии аҳолии давраи Кушониён: Қабристони Ксиров” маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои марбут ба омӯзиши катибаҳои таърихӣ, хусусиятҳои фарҳанги моддӣ, рушди ҳунармандӣ, оини тадфин, низоми сиёсиву иқтисодӣ ва робитаҳои фарҳангии давлати Кушониён бо тамаддунҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, аҳаммияти натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ барои муайян намудани хусусиятҳои рушди таърихию фарҳангии минтақа таъкид гардид.
Ҳадафи асосии конференсия омӯзиш ва баррасии масъалаҳои муҳими таъриху фарҳанги давлати Кушониён дар асоси маводи бостоншиносӣ ва ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани нақши ин давлат дар шаклгирии миллати тоҷик ва рушди тамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Давлати Кушониён яке аз давлатҳои муҳими таърихии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, нахустсарзамини онҳо ҳудуҳои кунунии Тоҷикистон мебошад, ки ёдгориҳои бозмонда аз ин давраи пуршукуҳ тасдиқкунандаи гуфтаҳои болост. Ин давлат дар давраҳои қадим дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа саҳми назаррас гузошта, байни асрҳои I п.м то III мелодӣ дар радифи империяҳои ҷаҳони бостон: Ашкониён, империяи Рум ва Хоқони Чин қарор дошт. Дар ин замина, андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми таърихии давлати Кӯшониён аҳаммияти махсус доранд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» давлати Кӯшониёнро «ҳалқаи заррине дар силсилаи давлатдории ориёиҳои тӯронӣ» арзёбӣ намуда, нақши онро дар таҳкими суннатҳои давлатдорӣ, пуштибонӣ аз Роҳи Бузурги Абрешим ва рушди тамаддуни башарӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид менамоянд. Ин андеша ҷойгоҳи хоси Кӯшониёнро дар таърихи минтақа инъикос намуда, аҳаммияти омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ин давраро барои дарки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони бостон бозгӯ мекунад.
Ёдгориҳои бостоншиносии дар ҳудуди Тоҷикистон ошкоршуда барои омӯзиши таърихи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин давра ва муайян намудани хусусиятҳои рушди ҳунар ва дигар шуғлҳо аҳаммияти муҳим доранд.
Баргузории Конференсияи “Таҳқиқи таъриху фарҳанги Кушониён дар мисоли ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон” барои табодули таҷрибаи илмӣ, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти нав ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ замина фароҳам оварда, ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон мусоидат менамояд.














