Дар Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи «Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзи 09.04.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тољикистон” бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конференсияи ҷумҳуриявӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ, раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии “Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Мурод Ёров, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юшуфшоҳ Яқубов, директори генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Ҳотам Асозода, директори Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии “Ҳулбук” Абдулло Хоҷаев, инчунин дигар донишмандони шинохта ва масъулони соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ зикр гардид, ки “солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гардида, ҷиҳати ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ осорхонаҳои нав ва ба фаъолияти осорхонавӣ ҷавобгӯ бунёд гардиданд”.
Дар конференсияи мазкур миёни иштирокчиён, ки доираи васеъи масъулини ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва олимону муаррихон ташкил медод, масъалаи ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар конференсия аз ҷониби гузоришдиҳандагон мавзӯъҳои “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Истиқлолият ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ”, “Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар таҳқиқ ва ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ”, “Назаре ба таърихи сохтмони мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ”, “Ҳулбук – меваи Истиқлол”, “Нақши ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор дар рушди таъриху фарҳанги миллати тоҷик”, “Мушкилиҳо дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ”, “Ёдгориҳои археологии ВМКБ ва масъалаи ҳифзи онҳо (дар мисоли қалъаи Қаҳқаҳа, Ямчун ва петроглифҳои Лангар)”, “Ҷамъоварӣ ва ҳифзи сиккаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон” пешниҳод гардиданд.
Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги ниёгонамон нақши хеле муҳим ва калидӣ доранд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хона музейҳо, инчунин дигар ёдгориҳои меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ мавҷуд мебошанд.
Дар охир баромадкунандагон як чанд пешниҳодҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла:
- Мутахассисони соҳаро зарур аст, ки ҳарчи зудтар харитаи ёдгориҳои шаҳру ноҳияҳои кишварро омода намуда, дастраси роҳбарияти мақотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо намоянд;
- Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 – апрел ҳамчун рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ таҷлил карда шавад;
- Мутахассисони соҳаро зарур аст, то дар шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба мавзеъҳо ва ёдгориҳои арзишманди он семинарҳои омӯзишӣ баргузор намоянд;
- Аз ҷониби баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳудуди мавзеъҳои аҳамияти таърихӣ дошта, ҳамчун замини назди ҳавлигӣ қарор дошта мешаванд, ки ин амалҳо набояд ба вуқуъ оянд;
- Ҳудудҳои таърихие, ки то ҳол мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд, бояд дар он мавзеъҳо корҳои бостоншиносӣ гузаронида шаванд.