Боздиди Ноиби Президенти Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин дар ҳошияи саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Меҳмони олиро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шуруъ аз асри санг давра ба давра то асри XX ва дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бошад, бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар ҳамчунин толори «Туњфањои Президенти Љумњурии Тољикистон» шинос гардиданд. Бояд зикр намуд, ки тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.

 

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.