Боздиди Чжан Чжу аз Осорхонаи миллӣ

Боздиди Чжан Чжу аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 30.05.2025 дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи чинӣ зери роҳбарии муовини котиби Кумитаи Ҳизби Коммунистии Чин дар ноҳияи Синзян – Уйғур, котиби Кумитаи Ҳизби Коммунистии шаҳри Урумчӣ ҷаноби Чжан Чжу ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмонони олиқадрро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо сайри осорхонавӣ дар сатҳи баланди касбӣ бо забони чинӣ баргузор карда шуд.
Зимни сайри осорхонавӣ ҳайати меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ,ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Муҳтарам Чжан Чжу аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушнудӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки боздид аз Осорхонаи миллӣ рамзи таваҷҷуҳи дипломатӣ буда, метавонад ба рушди равобити фарҳангиву маърифатии Чину Тоҷикистон мусоидат намояд.