Ташрифи Ноиби Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои …
Ташрифи Ноиби Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 31.05.2025 Ноиби Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Аҷай Бхушан Пандей ва корманди калони идоракунии амалиёти Бонки мазкур хонум Жаожинг Му, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул хайрамақдам гуфта, аз ҷониби роҳбалади муассиса ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ меҳмонон ба воситаи сайри осорхонавӣ аз наздик бо таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуда, дар толори пиряхҳо ва экспозитсияи махсуси шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз наздик ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд. Муҳтарам Аҷай Бхушан Пандей ва хонум Жаожинг Му аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуданд. Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.