Боздиди меҳмонони Кувейт аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Як гурӯҳ донишҷӯён ва устодон аз давлати Кувейт, таҳти сарпарастии “Фонди Кувейтӣ оид ба рушди иқтисоди арабӣ”, ки баҳри боздид ва шиносоӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, рӯзи 15.01.2019 аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ба меҳмонон аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри тамошои Осорхона аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфт.

Мавриди зикр аст, ки агар аз як тараф диққати меҳмононро ёдгориҳо ва нигораҳои нодири таърихӣ ба худ ҷалб карда бошад, аз тарафи дигар бо забони равону шевои арабӣ суҳбат кардани роҳбалад таваҷҷуҳи онҳоро дучанд намуд. Ҳамин тариқ экспозитсияи шуъбаи табиати Осорхона низ бо инъикоси минералҳои қиматбаҳо, ҳайвоноту наботот, диорамаҳои парваришгоҳу мамнуъгоҳҳояш меҳмононро бо  табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз наздик шинос намуд.

Пас аз тамошои осорхона, меҳмонон оиди таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас роҳбари гуруҳ ҷаноби Ҳамад Иброҳим ал-Ҷаввӣ аз номи ҳама иштирокчиён ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташонро қайд намуданд.