Боздиди занон ва волонтёрони Осиёи Марказӣ аз Осорхона
Боздиди занон ва волонтёрони Осиёи Марказӣ аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 13.09.2023 дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни вохӯрии аъзои муколамаи занон ва Форуми волонтёрони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбаладон бо забони русӣ ба онҳо сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба ин восита, меҳмонон бо мероси ниёкони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои нодир шинос шуда, аз таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, табиати зебо ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии бештар пайдо намуданд.
Меҳмонон аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта карданд.