Боздиди иштирокчиёни машғулияти байналмилалии …
Боздиди иштирокчиёни машғулияти байналмилалии CollAsia-2023 аз “Қалъаи Ҳисор”
Дар доираи машғулияти байналмилалии “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)”, ки дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардида истодааст, иштирокчиён аз ёдгории “Қалъаи Ҳисор” дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии шаҳри Ҳисор бо навозиши карнаю сурнай ва доира дар сатҳи баланд пазироӣ шуданд.
Баҳри меҳмонон, ки намояндагони кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия мебошанд, экскурсия баргузор карда шуд.
Ба ин восита, ба меҳмонон оид ба таърих, натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ ва бозёфтҳои ин ёдгории ниёгони тоҷикон маълумоти муфид ироа карда шуд.
Ёддовар мешавем, ки ин машғулияти байналмилалӣ бори нахуст миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардида истодааст ва то 6-уми октябри соли 2023 идома менамояд.