Боздиди Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои 24-29 июли соли 2018 ҳайати Давлати Қатар таҳти роҳбарии Мудири кулли Кумитаи танзими кӯмакҳои хайриявӣ ҷаноби Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Меҳмонон санаи 25 июл дар доираи сафари корӣ, баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҷаноби Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона директори Осорхонаи миллӣ муҳтарам Шарифзода Абдувалӣ ва дигар шахсони масъул истиқбол намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ дар сатҳи баланди касбӣ бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ба анҷом расид.
Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхона бо таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик аз низдик шинос гашта, сипас ҷаноби Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.