Боздиди Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Ба воситаи сайри осорхонавӣ меҳмонон аз бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то асри VIII ва дар ошёнаи дуюм аз даврони «Сомониён» то асри XX дидан намуданд. Дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бошад, бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки меҳмонон бо диққати махсус экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикисонро тамошо намуда, бозёфтҳои «Саразм», «Империяи Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», «Сомониён» ва толори «Хушнависӣ» бештар таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб намуд.
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.