Боздиди Алекен Еминбахэ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Дар таърихи 23.05.2018 муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумии Ҷумҳурии Халқии Хитой Алекен Еминбахэ баҳри ошно гардидан аз таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Меҳмононро дар даромадгоҳи бинои Осорхона директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки таваҷҷуҳи меҳмононро бештар бозёфтҳои ёдгориҳои Кангурттут, Тулхори қадим, Ҳахоманишиҳо, Панҷакенти қадим ва сиккаҳои суғдӣ ба худ ҷалб намуданд.
Мавриди зикри хос мебошад, ки Алекен Еминбахэ ва ҳайаташ тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд.
Баъд аз тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумии Ҷумҳурии Халқии Хитой Алекен Еминбахэ чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тољикистон андешаҳои худро дарҷ намуд.